СУТ: мо шоҳиди қаҳрамонӣ ва фидокории пизишкони тоҷик будем

Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, СУТ барои баҳогузории вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон то ҳол бо сохторҳо марбута кор мебарад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Доктор Олег Стороженко, корманди бахши ҳамоҳангсозии таъсири COVID-19 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, узви ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон дар бораи кори мутахассисони СУТ дар кишвар гуфт.

Се доруи муассир дар муолиҷаи коронавирус: олимони эронӣ ҳам тавсия доданд

Коршинос таъкид кард, ки ин сафари дувумаш ба Тоҷикистон дар вақтҳои ахир аст ва дар рафти кор вай тавонист аз муассисаҳои тиббӣ, тахшисгоҳҳо ва мактабҳо боздид кунад. 

"Мо шоҳиди қаҳрамонӣ ва фидокории пизишкон будем", - афзудааст намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.

Стороженко таъкид кардааст, ки барои ба вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон баҳои ҳаматарфа додан, бояд аз назорати эмидемиологӣ маълумоти бештаре гирифт, низоми ташхисиро тавон бахшид.

Вай афзуд, ки барои хулосаҳои дақиқ додан, бояд танҳо ба маълумотҳои санҷидашуда такя кард.