ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Имрӯз, 18 июн раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон бо судури як фармон аз мақом барканор карда, дубора бо як фармони дигар дар ҷои худаш муовини аввали Бонки миллӣ таъин намудааст.
"Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар фармони аввал.
Дар фармони дигар, "Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад", гуфта мешавад.
Боз як фармони дигари президент вобаста ба кадрҳои Бонки миллӣ имзо шудааст. Мувофиқи он муовини дигари бонк Лола Салимова Ҷумаевна аз вазифа барканор шудааст. Сабаби барканорӣ ба охир расидани мӯҳлати ваколат гуфта мешавад.
Академик Камол Нуралиев - қудои Эмомалӣ Раҳмон даргузашт