Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел сабт шуд. То 18 июн дар кишвар 5279 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бино бар омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, то соати 18:00 дақиқаи 18 июн 5279  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, то кунун дар Тоҷикистон 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

"То 18 июни соли равон дар кишвар 248 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 62 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — афзуд манбаъ.

Манбаъ қайд карда, уи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.