Муҳоҷири тоҷик Холмурод Мираков 100 000 рубл фиристод, то ба беморони COVID-19 кӯмак кунад

Дар ноҳияи Тоҷикобод кормандони мақомоти иҷроияи ноҳия маоши якрӯзаашонро ба ҳисоби беморхона барои мубориза бо коронавирус додаанд. Ҳамчунин соҳибкорону муҳоҷирони ноҳия низ барои мубориза бо ин беморӣ саҳм гузоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод Холмурод Мираков, ки айни замон дар Русия қарор дорад, 100 000 рубл фиристодааст, то ба гирифторони коронавирус дар зодгоҳаш кӯмак кунад.

Аз пули ин муҳоҷири тоҷик ба Беморхонаи марказӣ маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ харидаанд.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор
Ҳамчунин, соҳибкорони маҳаллӣ чунин кумакҳоро ба беморхонаҳои ноҳия ва беморону табибон дастрас намуданд. 

Кумакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида, онҳо асосан аз хокаи хлор, гипохлориди натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳои тиббӣ, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандору, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро ташкил дод.

Мо ҳам ятим калон шудаем: кӯмаки шаш бародари муҳоҷир дар Ҳисор

Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад.