Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кумаки 10 духтари муҳоҷир ба модарони танҳои тоҷик дар замони COVID - 19 дар Маскав

Гурӯҳи "Хайру Баракат", ки бо ибтикори духтарони ҷавони муҳоҷир дар Маскав ташкил шудааст дар давраи ҳамагирии COVID - 19 ба беш аз 150 модарони танҳо ва бефарзанд кумак кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Гурӯҳи "Хайру Баракат" дар давоми се моҳ ба беш аз 150 хонаводаи ниёзманд ба маблғали зиёда аз 400 ҳазор рубли русӣ маводи ниёзи аввал кумак карданд.

"Кумаки мо бештар ба модарони танҳо ва серфарзанд равона шудааст. То имрӯз ба беш аз 150 хонаводаи ниёзманд аз қабили орд, шир, равған, намак, шакар, чой, чанд намуди донагӣ ва ғизои кӯдакона кумак кардем", - гуфт Сара Саидасанова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо гурӯҳи "Хайру Баракат" бо ибтикори ӯ ва дӯсташ Озода 16 апрел таъсис дода шудааст. Имрӯз дар гурӯҳ даҳ духтар барои кумаки оилаҳои ниёзманд хизмат мекунад. Аввал духтарон бо маблағи худ ба модарони серфарзанд кумак кардаанд ва баъдтар ба онҳо дигар одамони хайрхоҳ низ пайвастаанд.

Сара Саидасанова Тоҷикистонро дар озмуни зебоии Русия муаррифӣ мекунад

Кумаки як миллионӣ: ба муҳоҷирони ниёзманди Маскав 37 тонна маводи ғизоӣ доданд

"Ба мо духтарони ҳамшаҳриамон аз Урупо - Pamiryouthnetwork дар тамос шуда ёрии худро пешниҳод карданд. Мо маблағи онҳоро гирифтему ба занони ниёзманд кумак кардем", - нақл кард Сара ва афзуд, ки агар нафароне ҳам хоҳиши кумак карданро дошта бошанд, ё модарони танҳо ба кумак ниёз доранд метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд.

Дастгирии муҳоҷирон: созмони "Нур" ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд

Манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳро ба хотири кӯмак дар давраи ҳамагирии COVID - 19, ки бештари муҳоҷирон бекор монданд, таъсис додаанд ва агар имкон шаваду сармоягузоре пайдо шавад ва даст диҳад метавонанд фаъолиташонро идома диҳанд.

Бино ба гузориши ситоди фаврӣ то имрӯз дар Русия беш аз 561 ҳазор кас гирифтори коронавирус шуда, 313 ҳазор нафар аз ин маризӣ шифо ёфта 7660 тан қурбони вабои аср шудааст.