Коронавирус ва баста шудани марзҳо барномаҳои иқтисодии давлатро ба ҳам зад

Вазорати саноати Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба сабаби баста шудани сарҳадҳо ва паҳншавии вируси корона корхонаҳои Тоҷикистон бархе аз корхонаҳои кишвар натавонистанд фаъолияти истеҳсолиро ба таври зарурӣ ба роҳ монданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон бо сабаби паҳншавии коронавируси навъи “COVID-19” ва баста гардидани сарҳадҳо, баъзе корхонаҳои соҳа, ки бо шарикони хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд, фаъолияти истеҳсолиро ба таври зарурӣ ба роҳ монда натавонистанд.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулотҳои пешгирикунандаи “COVID-19” ба маротиб афзоиш ёфт

Тавре манбаъ қайд кардааст, ба чунин вазъ зиёда аз 15 адад корхонаҳои хурду миёнаи коркарди пораву партовҳои металлҳои сиёҳ, ки аксари онҳо бо сармоягузории соҳибкорони Чин таъсис ёфтаанд, мувоҷеҳ гардида истодаанд.

“Ҳамчунин бо паҳн гардидани коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо барои воридоти баъзе қисмҳои алоҳида ва технологияҳои муосир аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мушкилиҳо пеш омадаанд”, - таъкид доштааст вазорати саноат.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ новобаста ба чунин вазъ корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ кӯшиш намуда истодаанд, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро  то охири сол афзоиш диҳанд.