Боздошти ҷавони 25-сола барои дуздии беш аз 10 ҳазор сомонӣ аз идораи букмекерии “Рахш”

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки дар дуздии идораи букмекерии “Рахш” гумонбар дониста мешавад хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷавони 25-сола дар дуздии 10 ҳазору 500-сомонӣ аз идораи букмекерии “Рахш”  гумонбар дониста мешавад.

Фавти писари ноболиғ ва марди 45 сола дар ду садамаи рӯзҳои ахир

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки шаби 17-уми июни соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои букмекерии “Рахш”, воқеъ дар шаҳраки Навкат даромада, аз дохили сандуқи оҳанин 10 ҳазору 500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳраки Навкат бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД Тоҷикистон зикр кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.