Фоҷиаи хонаводаи Баҳриддини Сабур: аз вафоти модар дар тӯйи хоҳар то марги падар - видео

Баҳриддини Сабур - рӯзноманигор ва продюсери тоҷик дар бораи фоҷиаи хонавоаи худ - вафоти модар дар рӯзи туйи хоҳар ва марги нобаҳангоми падар нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Баҳриддини Сабур продюсер ва рӯзноманигори тоҷик дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи фоҷиаи зиндагиаш гуфт.

Модари Баҳриддин соли 2016 дар синни 56-солагӣ аз бемории ҷигар даргузаштааст, ва он ҳам дар рӯзи тӯйи духтараш. 

"Дар рӯзи тӯйи хоҳарчаам ҳамин кор шуд ва шодиву ғам ба ҳам печид", - гуфт Баҳриддин.

Баҳриддин аз он афсӯс мехӯрад, ки модараш фарзанди ӯро надида аз олам даргузашт ва вақт имкон надод то бештар ба модараш хизмат кунад.

"Мо панҷ сол фарзанд наёфтем ва кӯдаки нахустинамонро пас аз ду рӯзи таваллуд аз даст додем. Боз баъди ду сол фарзанддор шудем вале модарам набераро надиду вафот кард. Ӯ дар фироқи бефарзандии ман бисёр азоб кашид", - гуфт Баҳриддин ва афзуд, ки хами абрӯи писараш ба модараш бисёр монанд аст.

Падари Баҳриддин нобаҳангом, моҳи апрели ҳамин сол аз олам чашм пӯшид. Пизишкон гуфтаанд, ки ӯ дар паи сактаи қалб вафот кардааст, вале Баҳриддин мегӯяд падараш сиҳату саломат буд.

"Ростӣ ба хонаводаи мо ҳамин вабои аср роҳ наёфт. Мо нисфирӯзӣ дар хона нишаста будем, як ду меҳмон аз рафиқони падарам буданд. Падарам дӯстонашро гусел кард ва ба намози пешин омодагӣ медидем. Як замон модарандарам - (падарам пас аз вафоти модарам хонадор шуд), ба ҳуҷраи ман ворид шуд ва гуфт, биё ки падарат чӣ коре кардаст. Мерам, ки аллакай ҷон ба ҷонофарин супоридааст", - нақл мекунад Баҳриддин бо ашки чашмон.

Фоҷиаи хонаводаи Ширинмоҳ Ниҳолова: аз марги шавҳар то куштори хоҳар - видео

Ӯ мегӯяд пас аз вафоти волидонаш худро хеле оҷизу танҳо эҳсос кард. Ӯ падару модарашро чун ду қаноташ тасвир мекунад.

"Ман пас аз ин ҳама фоҷиа фаҳмидам, ки ҷӣ қадар инсон дар назди марг оҷиз аст. Ту намедонӣ фардо чӣ мешавад", - мегӯяд Баҳриддин ва даъват мекунад, ки ҳар инсон нисбати наздиконаш меҳрубон бошад, чун ин дунё барои бадбинию хушунат намеарзад.

Баҳриддини Сабур ба ҳамаи онҳое, ки қиблагоҳашон дар барашон ҳастанд маслиҳат медиҳад, ки ҳар дақиқаю сония дар хизмати волидон бошанд, ҳамеша ба сӯяшон табассум кунанд ва ҳеҷ гоҳ онҳоро наёзоранд ва ҳар дам барояшон бигӯянд, ки "модарҷон, падарҷон ман шуморо дӯст медорам".

Барномаи "Ногуфтаҳо" дар назди Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ воқеъ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба навор гирифта шудааст.

Дар охир Орзу Исоев ва Баҳриддини Сабур аз он гуфтанд, ки ситораҳои санъат ва ҳунармандон низ дар дил дардҳои зиёде доранд, ки паси наворҳо дида намешавад.