ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Тибқи маълумоти вазорати саноати Тоҷикистон дар ҳар як корхона ва муассиса ситоди махсус таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки айни замон дар 49 корхонаҳои соҳа истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ–майи соли 2020 ба миқдори 6641,6 ҳазор дона ин намуди маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Ҳамзамон вазорат таъкид дошт, ки дар самти истеҳсоли халатҳои муҳофизатии махсус 15 корхонаҳои саноати сабук машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 46496 дона маҳсулоти зикршударо истеҳсол ва ба муассисаҳои тандурустӣ интиқол дода шуд.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 11 корхонаҳои хурду миёна, истеҳсоли маҳлули антисептикӣ, моеъҳои шӯянда, собуни мушкин, собуни хоҷагӣ, хокаи хлор ва гипохлориди натрийро ба роҳ монданд.
Инчунин ҶСК “Тоҷикхимпром”-и ноҳияи Ёвон пас аз барқарор намудани фаъолият аз аввали моҳи майи соли равон маҳсулоти безараргардониро истеҳсол намуда истода, то имрӯз корхона 250 тонна хокаи хлор ва 260 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намуда, ба корхона ва муассисаҳои соҳавии ҷумҳурӣ, қисми зиёди маҳсулоти безараргардониро ба таври ройгон пешниҳод намуда истодааст.
“Дар шаҳри Ҳисор, аз тарафи ҶДММ “Комбинати металлургии Ҳисор” фаъолияти коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, корхона оксигени фишурда ва моеъро ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод намуда истодааст”, - зикр кардааст вазорати саноат.