Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Собиқ сарвари давлат дар мурофиае, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, ҳузур надошт. Ӯ дар муҳокимаҳои қаблии ин парванда аз ҳаққи иштирок маҳрум шуда буд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Прокуратураи Қиғизистон  президенти собиқи ин кишвар  Алмосбек Отамбоевро дар раҳо кардани ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев аз зиндон гунаҳгор дониста ба ӯ 15 соли зиндон ва мусодираи амволаш талаб кардааст.

Фишорам паст аст: Отамбоев аз вазъи саломатияш ба омбудсмен шикоят намуд

Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон ин иттилоияро дар додгоҳи ноҳияи Якуми май тасдиқ карда гуфтанд, суд бо баромади айбдоркунандаи давлатӣ ва вакидони дифои муттаҳамон баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин ба муттаҳамони дигари парвандаи Азиз Батукаев собиқ прокурории генералии Қирғизистон  Индира Ҷолдубаве 15 сол, ва барои ду мансабдори дигар - мушовири пешини сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Қалибек Качкиналиев ва собиқ директори Маркази миллии гематологӣ Абдуҳалим Раимҷонов - 13 солӣ зиндон талаб кардааст.

Гуфта мешавад дар маҷмӯъ 19 нафар дар парвандаи раҳоии Азиз Батукаев муттаҳам мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2006 Батукаев барои ташкили тазоҳурот дар як муассисаи ислоҳотӣ дар канори Бишкек ба 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Он замон,  дар натиҷаи тазоҳурот дар зиндон, вакили қирғиз Тиничбек Акматбоев, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Ҳикматулла Полотов ва ду аъзои порлумон кушта шуданд.

Аҳволи Отамбоев дар мурофиаи судӣ бад шуд

Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ, гӯё ӯ ба саратони хун гирифтор аст, аз зиндон озод шуд. Аммо Батукаев бо гузашти ҳамагӣ чанд соат шиносномаи нав гирифт ва қаламрави Қирғизистонро тарк кард.

Зимнан, тафтишот муайян намуданд, ки дар раҳо шудани Батукаев худи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев даст доштаст.

Алмосбек Отамбоев, ки моҳи августи соли гузашта пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд, то ҳол дар КДАМ ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо муттаҳам медонанд.