Турбини нахустини "Роғун" аз кор мондааст

Турбини нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 баҳрабардорӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik. Фаъолияти турбини нахусти неругоҳи Роғун барои баррасии техникӣ мутаваққиф шуд, хабар медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Авеста".

Музокироти Тоҷикистон ва Украина барои хариди 4 турбини нерӯгоҳи Роғун
Ба гузориши манбаъ, мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, фаолияти ин турбин барои баррасии техникӣ қатъ шудааст вале иқдомоти умронии сохти сади 335 метрии ин неругоҳ ҳамчунон идома дорад.

Гуфта мешавад дар будҷаи имсоли Тоҷикистон низ барои идомаи комил кардани сохти неругоҳи барқи обии Роғун 220 миллион доллар ихтисос ёфтааст, ки бо ҳисоби қарзҳои дарёфтӣ аз бонкҳо ва муассисоти молии байналмиллалӣ ин мизон то охири сол ба 400 миллион доллар мерасад.

Турбини нахусти неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 баҳрабардорӣ шуд ва турбини дувуми он ҳам нуҳуми сентябри имсол солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон тавлиди барқро оғоз кард.

"Роғун" 1 миллиард қарздор аст: суҳбати ошкорои директори нерӯгоҳ дар бораи хусусигардонӣ

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.