Садамаи нақлиётӣ: марги Сӯҳроби ҷавон, ки дар канори дигари роҳ мерафт

Дар ноҳияи Дӯстӣ як ронанда аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, бо мошине бархӯдааст, ки дар натиҷа ронандааш ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷа як ҷавони 23-сола ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои  манбаъ, Сӯҳроб Шарифов дар канори дигари роҳ ҳаракат мекард, ки ронандае аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба мошини ӯ бархӯрд.

Садамаи маргбор: хонуми 29-сола худравро ба ҷарии 20 метрӣ сарозер кард
Тавре ВКД менависад, 15-уми июни соли 2020, тахминан соати 00:25-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира" Саидов Нозимжон Мулосангович, соли таваллудаш 1987, ҷамоати деҳоти Н.Хусрави ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар, ба самти ноҳияи Шаҳритуз дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи Шарифов Суҳроб Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликули ҳамин ноҳия, ки аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", -тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.