ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Фармони таъйини Обидҷон Саидзода субҳи имрӯз, 16 июн, аз сӯи Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон имзо шудааст.
Обидҷон Саидзода дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шахсан барои ӯ ин тасмими раҳбари Кумита ғайримунтазира буд.
“Субҳ раиси Кумита дар ҳузури кормандон фармони таъйинро хонда, дар иҷрои кори идеологӣ барори кор хостанд. Ман ҳам аз ҷониби худ ваъда супурдам, ки сазовори боварии он кас бошам”, - гуфт директори тозатаъйини Радиои "Тоҷикистон".
Обидҷон Саидзода 29 июли соли 1986 дар шаҳраки Маскави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Маскав) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003 - 2008) мебошад.
Мавсуф то ҳол хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони Идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва панҷ соли ахир муовини аввали директори “Радиои Тоҷикистон” буд.
Обидҷон Саидзода муаллифи китоби "Умре бо радио" ва дар таърихи радиои "Тоҷикистон" ҷавонтарин раҳбари ин дастгоҳи иттилоотии давлатӣ аст.
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон қарорҳои нави Ҳукуматро имзо намуд
Радиои "Тоҷикистон" таъбире куллӣ аз чаҳор радиои расмии Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон - “Фарҳанг”, Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Тоҷикистон” аст, ки ҳар яке самту махсусияти хешро дорад.