Охирин омори шифоёфтагону маргумир аз коронавирус дар Эрон

Бар пояи охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди гирифторони ин беморӣ тайи чанд рӯзи ахир майли афзоиш дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Бино ба иттилои Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, давоми як шабонарӯзи гузашта беш аз 2 ҳазор 472 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус шиносоӣ шудааст.

Нигаронии Руҳонӣ аз хуруҷи коронавирусу ҳушдораш аз бозгашти маҳдудиятҳо

Манбаъ мегӯяд то кунан бо талоши табибон 149 ҳазор нафар дар ин кишвар аз ин беморӣ шифо ёфтааст.

Ба гуфти сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар ин кишвар ба 187 ҳазору 427 нафар расидааст.

Ба иттилои ӯ давоми 24 соати гузашта, 107 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамин тариқ шумори умумии ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар Эрон ба 8 ҳазору 837 на фар баробар шуд.

Қаблан Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши риояти қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт, агар саломатии мардум ба хатар биафтад маҷбурем ҳамаи маҳдудиятҳоро бозгардонем.

Рӯҳонӣ ин нуктаро дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона дар Теҳрон изҳор дошта гуфтааст, борҳо такрор кардем чун ин беморӣ ваксина ва доруи қатъӣ надорад, бино барин бояд протоколҳои беҳдоштиро риоят кунем.