Бозору тарабхона ва ошхонаву меҳмонхонаҳо дубора дар Тоҷикистон кушода шуданд

Имрӯз дар Тоҷикистон чораҳои маҳдудсозӣ барои марказҳои хизматрасонӣ пас аз таваққуфи қариб думоҳа бинобар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус анҷом ёфт
Sputnik

 

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Қарори маҳдудсозӣ барои марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қаблан содир шуда, бар асоси он имрӯз бояд он бардошта шавад.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раисони бозорҳо ва баҳси мавҷи дуюми коронавирус

Бар пояи ин қарор сар аз имрӯз дар кишвар марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ба реҷаи муқаррарии корӣ баргаштанд.
Шарти асосӣ барои ба кор оғоз кардани муассисаҳои мазкур, безараргардонии макони кор, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемияв ва қабули мизоҷон бо ниқобҳо мебошад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ қаблан гуфт, назорати риояи чунин талаботро бояд масъулини корхонаву муассисаҳо хуб ба роҳ монанд.

Ҳамчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуввуми ин беморӣ гуфта мешуд чораҳои назоратӣ пурзӯр карда мешавад.

Бозорҳо ва кошонаҳои ҳусн дар Душанбе то 15 июн баста мемонанд

Дар пайи ин, ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагони кишвар тағйиротеро ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қабул кард, ки бар асоси он барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ аз 5 то 10 соли зиндон ва ҳамзамон ҷарима пешбинӣ шудааст.

Инчунин бар асоси тағйирот ба Кодекси маъмурии кишвар нафароне, ки бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ин тағйирот пас аз қабули Маҷлиси миллӣ ва имзои раисиҷумҳур қонунӣ хоҳад шуд.

Бино ба оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронаиврус дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 35 нафар мерасад.

Дар пайи ин беморӣ 50 тан ҳалок ва 3 ҳазору 409 нафар шифо ёфтаанд.