Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин: Русия аз пандемия бо сарбаландӣ ва камтарин талафот мебарояд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, авҷи маризии сироятии коронавирус дар кишвар рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ба изҳори Владимир Путин, Русия аз пандемия бо сарбаландӣ ва талафоти ҷонии камтарин дар ҳоли беруншавӣ қарор дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо дар мавриди он сухан мекунем, ки новобаста аз мушкилоту хароҷот ва ҳамзамон талафот, фаъолияти мо дар ин самт бобарор аст ва бо итминони комил метавонам гӯям, ки Русия ин маризиро бо сарбаландӣ ва талафоти камтарин паси сар мекунад", - афзудааст кишвардори Русия.

Кишвардори Русия аз он изҳори умед намуд, ки вазъият минбаъд ҳам беҳтар мешаваду баръакс не.

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маризии сироятии коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти СҶБ, дар ҷаҳон беш аз 7,5 миллион ба ин маризӣ гирифторшуда, зиёда аз 423 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Русия 528,964 нафар мубтало шуданд, ки 6948 нафари онҳо фавтиданд ва беш аз 280 ҳазор нафар шифо ёфтанд.