Мусибат дар хонаводаи полковники тоҷик: модар ва хоҳарбузургашро аз даст дод

Полковник Собирҷон Шоҳимардонзода яке аз роҳбарони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам модар ва ҳам хоҳари бузургашро аз даст дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Мусибати калон хонаводаи полковник Собирҷон Шоҳимардонзодаро фаро гирифтаст.

Дар Рашт домуллое, ки ба мардуми 4 ҷамоат хизмат мекард даргузашт

Номбурда, ки яке аз роҳбарони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад, ҳам модар ва ҳам хоҳарбузургашро аз даст дод.

Хабари мусибати калони оилаи полковник Собирҷонро, яке аз хамкасбони ӯ Дилшод Холиқзода дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намудааст.

Марги боз як афсари тоҷик: подполковиник Мӯминҷон Раҳимзода даргузашт

Ба навиштаи Холиқзода, полковники тоҷик модараш Тағоева Бибирозия ва ҳам хоҳарбузургаш Шоймардонова Зулхуморро аз даст дод. Вале дақиқан гуфта намешавад, ки ҳар ду наздики полковник аз чӣ дарде даргузаштанд.

Зимнан, Холиқзода аз номи кормандони УБОП ба Собирҷон Шоҳимардонов изҳори тасаллият намудааст.

 "Ба дӯсти гиромиқадрамон Собирҷон барои аз даст додани хоҳари ғамхор ва модари мушфиқу меҳрубонашон сабри ҷамил хоста, аз даргоҳи Илоҳӣ дуогӯйи онем, ки Худованд хоҳару модари ин бародарамонро тариқаи раҳмат, шистаи ҷаннат гардонад. Омин!", - навиштааст Холиқзода.