Хадамот ба Раёсат табдил ёфт: сабаби тағйири ном дар сохтори ВКД дар чист?

Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғон дар вазорати корҳои дохилӣ ба Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон ивази ном кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дирӯз аз сохтмони биное дидан кард ва қарор аст минбаъд ҳайати шахсии ҳамакнун Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон фаъолияти худро дар ин бино идома диҳанд.

ВУД намунаи либосҳои нави политсияи Тоҷикистонро намоиш дод

Гурӯҳи ташаббускорони ихтиёрии “Авангард” и назди ВКД низ минбаъд дар ин бинои нав фаъолият хоҳанд кард.

Зимнан вазифаи сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғонро полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бар уҳда дорад.

 Сабаби табдили ном кардани Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғон ба Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон густурдатар намудани фаъолият дар ҷодаи пешгирӣ аз ҷинояткории наврасон гуфта мешавад.

Як манбаъ аз ВКД дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба ин тартиб номи шуъба ва бахшҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону ноболиғон дар Раёсат ва шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шуъба ва ё бахшҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон иваз карда хоҳанд шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ ахиран дар нишастҳои матбуотӣ шумори ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавононро шарҳ дод. Бино ба иттилоъи Рамазон Раҳимзода дар соли 2019 содиршавии беш аз 6000 ҷиноят аз ин шумор 873 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 5255 ҷиноят аз тарафи ҷавонон дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.