Калонтарин маркази савдоро дар Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон ба истифода медиҳад

Феълан сохтмони маркази савдои калонтарин дар бозори 20-солагии Истиқлолияти маркази вилоят идома дошта, раисҷумҳур дар сафари навбатиаш ба ВМКБ марказро ба истифода хоҳад дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Хоруғ савдогарони бозори марказиро, ки ба фурӯши либос ва пойафзору атриёт ва молҳои майда машғуланд ба бозори 20 - солагии Истиқлолият мекӯчонанд.

Дар ин бора раиси шаҳр ҷиҳати ба тартиб даровардани савдо дар бозор дастур додааст.

Тавре нашрияи маҳаллии "Оинаи зиндагӣ" хабар медиҳад, феълан дар бозори 20 - солагии Истиқлолият сохтмони калонтарин Маркази савдо, ки ба соҳибкор Айдибек Бекмуродӣ тааллуқ дорад, дар ҳоли анҷомëбист.

"Иншооти мазкур ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар ташрифи навбатии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт", - менависад манбаъ.
Коронавирус: маҳдудиятҳо дар Хоруғ тамдид шуданд

Гуфта мешавад, баъди ба кор даромадани маркази мазкур савдогароне, ки аз бозори марказӣ кӯчонида мешаванд - фурӯшандагони сарулибос, пойафзор ва дигар амвол дар дохили он ҷой дода хоҳанд шуд.

Дар бозори марказӣ фақат фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ ба роҳ монда мешавад.

Ахиран, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2018 ба ВМКБ, аз ҷумла Хоруғ сафар карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ бинои Раёсати маориф ва Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ кард

Дар маркази вилоят президент бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро ифтитоҳ намуда буд.

Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки соли 2021 30-солагии Истиқлолро пуршукӯҳ таҷлил гиранд. Интизор меравад, ки дар арафаи ҷашн биноҳои зиёде ба истифода дода шаванд.