ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Кормандони Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, зимни як амалияти фаврӣ аз боздошти ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ додаанд, ки ба нигоҳдошт ва фурӯши гӯшти вайроншудаи истеъмолаш барои саломатӣ хатаровар машғул буданд.
Бино ба гузориши телевизиони “Тоҷикистон” Пӯлотов Азизҷон Ҳасанҷоничи 19 сола ва Тоҷибоев Абдухолиқ Абдуғаффоровичи 33 сола, сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши беш аз 2 тон гӯшти кирмкардашудаи каллаи чорво машғул шудаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ ин ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ахиран мехостанд барои ба даст овардани 14 ҳазор сомонӣ, 700 килои гӯшти ғайрисанитаии таркибаш вайроншудаи каллаи чорворо ба шаҳри Душанбе интиқол диҳанд.
Ба гуфтаи Тоҷибоев, дар иҷрои ин кор Пӯлотов нақши миёнравиро иҷро кардааст.
“Азизҷон ба ман занг зад, ки барои фурӯши 700 кило гӯшти калла аз шаҳри Душанбе хариддор пайдо кардааст. Ман 700 килоро гӯшти кирмкардашударо ба маблағи 11 ҳазору 900 сомонӣ ба ӯ додам дар навбати худ ӯ ҳам нархи худашро монда ба хариддорон мефурӯхт”, - гуфтааст дастгиршуда Тоҷибоев.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили ӯ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия ба миқдори 2 тонаву 350 кило гӯшти муҳлаташ сипаришудаи каллаи чорво, ки барои фурӯш нигоҳдорӣ мешуд, ошкор карда шудааст.
Тоҷибоев гуфтааст, ки ин миқдор гӯштро барои омода кардани сихкабоб ва самбӯса ба хариддорони деҳоти шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мефурӯхтааст. Барои ба фурӯш гузоштани 700 килои он ба шаҳри Душанбе, Пӯлотов машғул шудааст.
“Мо ҳар вақт ба Душанбе гӯшт равон мекардем. Ин навбат хариддорон омада гӯштро диданд, ки аз дарунаш кирм баромад. Маротибаи аввал 175 кило гӯшти калла гирифта фиристодам борам гузашт. Ин навбат дар вақти фурӯхтани 700 кило дастгир шудам. Мо 700 кило гӯштро даруни халта ҷойгир карда будем, вақте хариддорон омада халтаро кушоданд, аз дохили он кирм баромад. Ман аз ин кори кардаам сидқан пушаймон ҳастам”, - гуфтааст Пӯлотов Азизҷон.
Ахиран дар моҳи майи соли гузашта дар арафаи моҳи мубораки Рамазон, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як амалиёти фаврӣ 4 сокини вилояти Суғдро дасгир кардаанд, ки мақсад доштанд, барои ба даст овардани даромади муфт ба харидорони бозори Панҷшанбе гӯшти заҳролудшудаи 27 сар чорвои ҳароммурдаро ба фурӯш гузоранд.
Он вақт аз боздошти се гӯштфурӯши бозори Панҷшанбе Икром Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд, Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода мешуд, ки ҳамроҳ бо Эргаш Аҳадов, сокини ҷамоати деҳоти Меҳронаи ноҳия Ашт мехостанд, 27 сар чорвои ҳароммурдаро аз ноҳияи Ашт ба бозори Панҷшанбеи Хуҷанд интиқол диҳанд.