Аз 5 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Имрӯз шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 5035 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштро қатъиян риоя кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро таҳия ва пешниҳод кардааст. Бино бар маълумоти манбаъ, шумораи гирифторон дар кишвар ба 64 кас зиёд шуда, марзи панҷ ҳазорро убур кардааст.

Ҳамин тавр, то соати 19:30 дақиқаи 14 июн дар Тоҷикистон 5035 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3409 (67,7%) нафар шифо ёфтаанд.
Фавти як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: омори ҷадид барои як рӯз

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд. 

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - таъкид мекунад Вазорати тандурустӣ.