Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мақомоти пулиси шаҳри Панҷакент як марди 32 соларо боздошт кардааст,  бо иттиҳоми дуздӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати ВКД дар Суғд, шаҳрванд Зарафшон Набиев бо гумони ғорати Ташкилоти амонитиву қарзии “Ҳумо” боздошт мегардад.

Дуздӣ дар меҳмонӣ: боздошти ҷавоне, ки 80 ҳазори соҳибхонаро гирифту ғайб зад

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса авохири моҳи апрел сар зада бо гузашти қариб як моҳ гумонбар боздошт гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, Набиев баъди вориди бонк гаштан пул намеёбад ва барои он ки дасти холӣ наравад аз 8 уоқи корӣ ноутбукҳои кориро ба яғмо  мебарад, ки маблағи умумии он наздики 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад номбурда қаблан соли 2013 низ бо иттиҳоми дуздӣ суд шудааст.

“Дар пайи гузаронидани чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯйӣ зарарри расонидашуда барқарор гардид”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбат ба гумондар бо иттиҳоми дуздӣ парванда боз шуда тафтишот идома дорад.