Боздошти мененҷери ширкати "Роҳи оҳан" бо ҷурми заминфурӯшӣ

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди роҳи оҳанро дар шимоли кишвар боздош кардааст, ки дар заминфурӯшӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Фарҳодҷон Маҳмудов дар вазифаи менедҷери КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Суғд кор карда истода, ба заминфурӯшӣ даст задааст.

Пулҳоро мегирифтанду ғайб мезаданд: боздошти қаллобони заминфурӯш

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 11 апрели соли 2020 аз шаҳрванд Алаев Д.Х. барои аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 80000 сомонӣ талаб карда.

Манбаъ мегӯяд, Маҳмудов аз ин маблағ 40000 сомониашро гирифта, тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад нисбат ба Маҳмудов Фарҳодҷон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.