Сарбозони Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомӣ ба Маскав омаданд

75 сарбози Тоҷикистон, ки дар гузашти низомӣ иштирок мекунанд, ба Маскав тариқи ҳавопаймои низомии Русия эъзом шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Имрӯз сарбозони артиши Тоҷикистон  барои иштирок дар гузашти низомӣ, ки қарор аст, 24 июн дар пойтахти Русия, ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шавад, вориди Маскав шуданд, иттилоъ додааст роҳбари дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба хабаргузории “Интерфакс”.

Гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба: гулчини аксҳо аз солҳои гуногун

“75 сарбоз аз Тоҷикситон, аз ҷумла курсантҳои донишкадаи вазорати дифоъ, афсарон ва сарбозони ҳанги таъминот ва идораи Ситоди умумии нируҳои кишвар ба Маскав тариқи ҳавопаймои низомии Вазорати дифои Русия эъзом шуданд”, - гуфт Маҳмадализода.

Алакай фардо сарбозони тоҷик дар қатори дигар иштирокчиён омодагиҳои худро барои гузашти низомӣ оғоз хоҳанг кард. фармондеҳи ин гурӯҳи низомиёни Тоҷикистон подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад таъйин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, омодагӣ ба гузашти низомӣ бо рияои чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.

Дар аввали моҳи июн Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад ширкат хоҳад кард.