Дар Тоҷикистон маркази ҳамоҳангсозӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID -19 таъсис ёфт

Бо кумаки барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID -19 таъсис ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Имрӯз, дар маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотӣ ба Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотӣ муовини якуми вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Умарзода ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта иштирок доштанд.

Наздик ба панҷ ҳазор: омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки фаъолияти маркази ҳамоҳангсозӣ дар вазорат имкон дод,  то имрӯз як қатор видеоконфронсу вохурӣ ва ҷаласаҳои вазорат ба тариқи он доир шаванд.

“Инчунин, бо мақсади табодули таҷриба дар роҳи пешгирӣ ва табобати беморони COVID-19 бо иштироки мутахассисони соҳаи тибби Чин, Ӯзбекистон ва роҳбарону кормандони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат  чандин суҳбатҳои видеоӣ баргузор карда шуда, дар ҷараёни онҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, - гуфт муовини вазир.

Саида Умарзода  илова кард, ки барои коҳиш додани фавти беморони гирифтори  сирояти коронавируси нави COVID-19 бо иштироки сармутахассисони соҳавии вазорат ва табибони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба воситаи Маркази ҳамозангсозӣ низ якчанд машғулиятҳои омӯзишии онлайнӣ доир гардида, аз ҷониби олимони соҳа ба онҳо тавсияҳои муфид дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустӣ о соати 18:00 дақиқаи 12 июн  дар Тоҷикистон 4902 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардидаааст.

Аз ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 3158 (64,4%)   нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон, манбаъ зикр намудааст, ки то санаи зикргардида дар ҷуҳурӣ аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд.