Таъйиноти кадрӣ дар мудофиа: подполковник Сангинзода комиссари ҳарбии Исфара кист?

Вазири мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармон комиссариятҳои ҳарбии шаҳри Исфара ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро таъйин намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Вазири мудофия, генерал – полковник Шералӣ Мирзо бо имзои фармон майор Аҳадҷон Додоҷоновро комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ таъйин намудааст. Додоҷонов то ин замон дар комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт фаъолият дошт.

Тағйироти кадрӣ баъди боздоштҳо: интиқоди Президент аз қонуншикании раисон

Дар бораи ин тағйироти кадрӣ, ки гуфта мешавад рӯзи 10-уми июн сурат гирифтааст, Муродуллоҳ Почозода,  масъули ҳафтаномаи “Нигоҳи халқ” ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилоъи манбаъ подполковник Алиҷон Сангинзода, ки то ин вақт комиссари ноҳияи Мастчоҳ буд, бо фармони вазири мудофия комиссари ҳарбии шаҳри Исфара таъйин шудааст.

Ӯ аз соли 2017 дар ин мақом дар ноҳияи Мастчоҳ фаъолият мекард.

Подполковник Алиҷон Сангинзода 11 марти соли 1987 дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, пас аз хатми МТМУ №1-и зодгоҳ ба Академияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.

Тағйироти кадрӣ: Баъди боздошти Баҳромзода Вализода Абдуқодир раиси шаҳри Кӯлоб шудМавсуф пас аз хатми ин муассисаи пурнуфуз дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини комисариати ҳарбии вилояти Суғд кор кардааст.