Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар ноҳияи Рӯшон: директори мактаб-интернат вазифаи нав гирифт

Директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбиева аз вазифа озод ва ба мақоми нав таъин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Лайло Чоршанбиева бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон озод гардида ба мақоми нав - муовини раиси ноҳияи Рӯшон оид ба фарҳанг ва маориф таъин шуд.

"Чоршанбиева Лайло Пайшанбиевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» озод карда шавад", - омадааст дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон.

Дар бораи таъиноти Чоршанбиева ба вазифаи нав доираҳои огоҳ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Лайло Чоршанбиева солҳои пеш ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби рақами 6 - ноҳияи Рӯшон ва директори ҳамин муассиса кор кардааст.

Чанд соли охир ӯ директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон буд.

Гуфта мешавад, ки яке аз номзадҳо ба мақоми пешини Чоршанбиева мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон - Бахтовар Давлатқадамов мебошад.

Давлатқадамов Бахтовар наздики 13 сол директори мактаби рақами 17 ноҳияи Рӯшон буду аз соли 2018 инҷониб дар вазифаи мудири кабинети методии шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон  фаъолият мекунад.