Ҳавопаймои махсус барои панҷ нафар: бозгашти шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт

Ахиран ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт панҷ шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистонро аз ин кишвар ба Ватан баргардонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Санаи 10 июн панҷ шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд.

Кумаки СҶБ ба Тоҷикистон расид: 1 тон таҷҳизоти пизишкӣ ва гурӯҳе аз пизишкони лаҳистонӣ

Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додаас.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамчунин тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 15 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе оварда шуд.

Бояд гуфт, ки санаи 5 июн тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 22 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 расида буд.

Инчунин, ин соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор адад либоси муҳофизатии тиббиро аз Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.