ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.
Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 1910 аз ҷониби сайёҳ ва ҷуғрофидони рус, Николай Корженевский кашф гардида ва ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта шуд.
Бе фоида ва ҳатто зарар: дарсҳои бадахшонии “вируси корона”
Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.
Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигари давлатӣ барои татбиқи қарорҳои мазкур чораандешӣ намояд.