Собиқ сарвазири Қирғизистон бо ҷурми фасодкорӣ 18 сол зиндон ва ҷарима шуд

Сафар Исҳоқов, собиқ сарвазири Қирғизистон бо ҷурми фасодкорӣ замони дар вазифаи баланди давлатӣ кор кардан, равонаи зиндон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи гузашта баррасии парвандаи фасодкории собиқ сарвазирро ба поён расонида ӯро ба муҳлати 18 сол равонаи зиндон кард.

Сафар Исҳоқов собиқ нахуствазири Қирғизистон бистарӣ шуд

Сафар Исҳоқов, бо ҷурми фасодкорӣ дар сохтмони Осорхонаи таърихии шаҳр ва сохтмони ипподром дар Чолпон-Отаро муттаҳам мешуд.

Ба гуфтаи Нурбек Токтакунов,  вакили собиқ сарвазир додгоҳ инчунин тасмим гирифт, ки Иҳоқовро ба маблағи 247 миллион сом муодил ба 3,3 млн доллар ба фоидаи давлат ҷарима бандад.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати адои ҷазои собиқ сарвазир аз 5 июни соли 2018 ба ҳисоб гирифта шуда, дар зиндони низомаш сахт мегузарад.

Исҳоқов қаблан аз сӯи додгоҳ бо ҷурми фасодкорӣ замони бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, 15 сол зиндон, дороиҳояш мусодира ва аз ҳама унвонҳои давлатӣ маҳрум шуда буд.