Сел дар Роғун: талафоти ҷонӣ надошт, аммо роҳу пул ва сутунҳои хатти барқиро хароб кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз харобкориҳои сел, ки дирӯз дар шаҳри Роғун фаромад, хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ҳудуди ҷамоати Сичароғи шаҳри Роғун бегоҳи рӯзи 9 - уми июн сел фаромад, хабар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Сел дар ВМКБ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ - ро боздошт

Ба иттилои котиботи кумита, сел роҳҳои байнидеҳаҳои Лугури Боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх ва Кали Бедро хароб намуд.

Ба замми ин, бар асари фаромадани сел 3 пул ва 4 сутени хатти барқӣ қисман хароб шуданд, - таъкид мешавад дар хабар.

КҲФ зарари сел дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

Гуфта мешавад, сел дар пай талафоти ҷонӣ надошт ва ҳамчунин манзили сокинон низ беосеб монданд.

Феълан дар ҷойи ҳодиса барои рафъи оқибатҳои ҳодисаи табиӣ комиссияи фаврии шаҳрӣ фаъолият мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар масири кӯҳӣ аснои ҷамъварии ҳезум ва инчунин моҳигирӣ аз эҳтиёт кор гиранд.