Ҷаласа: пешниҳоди фанни нав дар макотиб ва ихтирооти олимони тоҷик алайҳи коронавирус

Дар мавриди дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҳаминро бояд тазаккур диҳем, ки бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ ин маводро метавонем содир кунем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар макотиби миёна тадриси фанни "Тарзи ҳаёти солим" ҷорӣ карда шавад.

Бо тавсияи Фарҳод Раҳимӣ: дар Панҷакент ниқобҳои тиббиро бо оби нуқра медӯзанд

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, ин нуктаро зимни як ҷаласа дар ин ниҳод, ки бо ҳузури масъулини вазорату идораҳо, муовини Сарвазири Ширин Исматуллозода ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин Қудрат доир шуд,  изҳор доштааст.

Ба иттилои манбаъ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хамчунин дар бораи дастовардҳои олимони ин боргоҳи илмӣ гуфтааст, ки истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонии пандемия ва бемориҳои сироятӣ чун маҳлули гипохлориди натрийи тиббӣ, оби нуқра, дастгоҳи нафаскашии сунъии ёрирасон ва ғайра аз зумраи иқдомҳоест, ки олимони тоҷик онро дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ намуданд.

“Дар як шабонарӯз ҳадди ақал 10 тонна маҳлули гипохлориди натрий истеҳсол мешавад”,- гуфтааст ӯ.

Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди дастгоҳи нафаскашии сунъии сохти ватанӣ гуфтааст, ки бо татбиқи дизайн ва каме ороишҳои зоҳирӣ ин маводро метавонем содир кунем.