Дар кӯчаҳои Душанбе ба сокинон ниқоби тиббӣ ройгон тақсим мекунанд - навор

Ба хотири ҳифзи саломатии сокинони пойтахт, гурӯҳи ихтиёриён дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба роҳгузарон ниқоби тиббиро ройгон тақсим мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Барои риоя намудани режими ниқоб дар боғҳои марказӣ ва кӯчаву хиёбонҳо гурӯҳҳои ихтиёриён ташкил карда шудаанд, хабар медиҳад Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳ иборат аз 45 нафар буда, ба сокиноне, ки бидуни ниқоб ба сайру гашт баромаданд, онҳоро ниқобпӯш мекунанд.

Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Ниқоби тиббӣ ба таври ройгон тақсим мешавад ва ҳамзамон ба сокинон зарурати пешидани ниқоб фаҳмонда мешавад.

Манбаъ меафзояд, режими ниқобро аслан ҷавонон нақз мекунанд. Онҳо агар чӣ ниқоб ҳам дошта бошад, онро дар ҷайб ё ҷувздони худ нигоҳ медоранду ба рӯйи худ намекашанд.

Гуфта мешавад, аз оғози рейд, ки алайҳи сокинони бе ниқоб роҳандозӣ гардидааст, аллакай 230 нафар ба даст афтоданд.