Поёни ихтилофҳо: оё Дӯстум арзандаи унвони маршалӣ аст?

Манобеъи дасти аввал ба Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки ихтилофи раисҷумҳур Ашрав Ғанӣ Аҳмадзай ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ сари маршалии генерал Дӯстум бартараф шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Башир Аҳмад Таянч, сухангӯи генерал Абдурашид Дӯстум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сари эътои рутбаи маршалии раҳбари ӯзбекҳои Афғонистон ҳеҷ шакке боқӣ намондааст.

“Ин як шарти созишномаест, ки аллакай имзо шудааст. Ҳоло мо мунтазирем, ки дар Арги раисҷумҳурии Афғонистон як маросим гирифта шавад ва генерал соҳиб аз Шибирғон ба Кобул ташриф оваранд, то дар як маросими расмӣ рутба барояшон эъто шавад”, - гуфт Башир Аҳмад Таянч.
“Маршал Дӯстум”: ӯзбекҳо низ соҳиби маршал мешаванд?

Як рӯзи қабл расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки Ғанӣ ва Абдуллоҳ сари масъалаи эътои унвони маршалӣ ба генерал Абдурашид Дӯстум ихтилоф доранд. Бино ба онҳо, раисҷумҳур Ғанӣ мехоҳад фармоне содир кунад, ки дар он ба Дӯстум унвони “маршали ифтихорӣ” ё “маршали эъзозӣ” дода шавад, аммо Абдуллоҳ бо дарҷи вожаҳои “ифтихорӣ” ё “эъзозӣ” мухолифат кардааст.

Шоҳиди баҳс

Муҳибуллоҳ Нурӣ, раҳбари созмони “Қалби Осиё”, узви тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар маросими имзои созишнома ширкат доштааст, ба Sputnik Тоҷикистон ин гуфтугузорҳоро таъйид кард ва гуфт, вақте раисҷумҳур мехост фармонро бо чунин матн омода ва имзо кунад, доктор Абдуллоҳ мухолифат кард.

“Маршали эъзозӣ аз ҳуқуқ, имтиёзот ва салоҳиятҳои маршалӣ истифода карда наметавонад. Аммо тибқи созишнома, генерал Дӯстум маршали воқеӣ ва тамомайёри неруҳои низомии Афғонистон хоҳад буд. Доктор Абдуллоҳ ин матлабро ба доктор Ғанӣ баён кард ва пас аз баҳси кӯтоҳе фармони маршалии генерал Дӯстум имзо шуд”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Бар асоси банди ҳафтуми тавофуқ сиёсие, ки 17 май аз сӯи раисҷумҳур Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба имзо расид, рутбаи низомии Абдурашид Дӯстум ба маршалӣ иртиқо ёфт. Тибқи ин тавофуқнома, илова бар эътои рутбаи низомии маршалӣ барои Дӯстум вай бар асоси фармони раисҷумҳур узви Шӯрои олии давлат ва ҳам Шӯрои амнияти миллии Афғонистон таъин шудааст.

Мирзиёев Ғаниро табрик кард: Дӯстум чӣ хоҳад гуфт?
Тавофуқи сиёсӣ миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ пас аз интихоботи президентии ҷанҷолии Афғонистон, ки моҳи сентябри соли гузашта баргузор шуд, ба имзо расид. Абдуррашид Дӯстум, раҳбари ӯзбекҳои Афғонистон аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят мекард.

Кӣ чӣ кард?

Дӯстум пас аз Шоҳ Валихон ва Муҳаммад Қосими Фаҳим, севумин фардест, ки унвони маршалиро дар Афғонистон дарёфт мекунад.

Шоҳ Валихон фармондеҳи бародараш Нодирхон буд, ки 10 октябри соли 1929 артиши ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (1929), то он замон танҳо раҳбари тоҷик ё ғайрипаштуни Афғонистонро шикаст дода, Кобулро фатҳ кард ва унвони маршалиро ба даст овард.

Муҳаммад Қосими Фаҳим, фармондеҳи кулли нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат, ё Эътилофи Шимоли Афғонистон буд, ки бо пуштибонии ҳавоии Амрико ҳукумати Толибон ва ҳамкори онҳо – “Ал-қоида” – ро шикаст дод ва соли 2002 соҳиби унвони моршолӣ шуд. Аммо Дӯстум ба хотири кадом хизматҳояш моршол мешавад? Оё ӯ танҳо аз баракати тавофуқи сиёсӣ ин унвонро камоӣ мекунад ё воқеан корномае дорад?

“Камарро бандед!” Генерал Дӯстум омодабош эълон кард

Раззоқи Моъмун, таҳлилгари муқими Австралия, мегӯяд, генерал Дӯстум дар суқути се ҳукумат дар Афғонистон - ҳукуматҳои доктор Наҷибуллоҳ, устод Раббонӣ ва Толибон нақш дошт.

“Дурахшонтарин корнамоии Дӯстум ҳамоно ҷанг бо Толибону “Ал-қоида” ва мавқеъи устувори зиддитолибонии ӯст. Нахустин шикасти толиб ҳам суқути Мазори Шариф буд, ки ба фармондеҳии Дӯстум анҷом шуд. Ӯ дар ин ки нагузоштанд Афғонистон ҷавлонгоҳи Покистону дигар пуштибонони ифротият шавад, нақши муҳим ва дар ҳоли ҳозир калидӣ дорад. Дӯстум як фарди мутмаин ва бозуи низомии низоми ояндаи демократӣ ва орӣ аз ифротият дар Афғонистон хоҳад буд”, - гуфт Раззоқи Момун.