Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел сабт шуд. То 9 июн дар кишвар 4690 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Тибқи омори тозае, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, то имрӯз, 9 июни соли равон дар Тоҷикистон 1124 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 52 нафар шифо ёфта аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.

"Ҳамзамон, то соати 18:00 дақиқаи 9 июн дар кишвар 4690 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2815 (60%) нафар шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон, то рӯзи зикргардида дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват карда, ки ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.