“Маска” надорӣ? Душанбе набиё! – тасмими нави шаҳрдории Душанбе

Кормандони милиса афроди бидуни ниқобро, ки аз ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт вориди Душанбе шудан мехоҳанд, намегузоранд вориди Душанбе шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дасти кам се сокини навоҳии атрофи пойтахти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки кормандони милиса аз вурадашон ба Душанбе ҷилавгирӣ кардаанд.

Илҳом Назаров, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, мехост ба Душанбе барои аёдати як хешованди маризаш ба шифохона равад, аммо дар дарвозаи шарқии шаҳр минтақаи мавсум ба “Амоналний” кормандони милиса ӯро аз мусофиркаш поён оварданд.

“Гуфтанд, ки ба пойтахт бидуни ниқоб ворид шудан иҷоза нест. Аввал ниқоб пӯш, баъд ворид шав. Ҳарчанд гуфтам, ки аз наздиктарин дорухона ҳатман ниқоб гирифта, мепӯшам, иҷоза надоданд. Маҷбур ба Ваҳдат баргашта, ниқоб харидам ва дигарбора ба Душанбе омадам. Ин дафъа иҷозаи вуруд доданд”, - гуфт Илҳом Назаров, сокини шаҳри Ваҳдат.
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раисони бозорҳо ва баҳси мавҷи дуюми коронавирус

Ҳамин гуна маворид дар даромадгоҳҳои ғарбиву ҷанубӣ ва шимолии пойтахт низ иттифоқоте афтодаанд, ки ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон қисса карданд.

Маркази матбуоти Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷой доштани ҳамчунин маворидро таъйид карда, мегӯяд, дар пойтахт маъракаи васеъи фаҳмондадиҳӣ ба хотири риоя кардани қавоиди гигиенӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дастшӯӣ, пиёда шудааст.

“Милисаҳои мо бо иттифоқи кормандони ниҳодҳои ҳукумати шаҳр кӯча ба кӯча гашта, афроди бениқобро боздошт карда, мефаҳмонанд, ки ин корашон на фақат ҷабр ба худ, балки ба дигарон аст. Агар онҳо ниқоб надоранд, ба онҳо ниқоби якмасрафа таслим мекунем. Ҳамчунин назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ дар кӯчаҳо низ пурзӯр шудааст. Мо ба сокинон мефаҳмонем, ки ҳангоми ҳаракат фосиларо риоя кунанд”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Рӯзи гузашта Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пешгирии мавҷи дуюми сирояти коронавирус, COVID-19 бо масъулини шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ мулоқот карда, хостори тақвият додани тадобири зидди “вируси корона” шуда буд, ки ҷилавгирӣ аз вуруди сокинони навоҳии атроф яке аз ин тадбирҳост.

Радабандии кишварҳои амн аз коронавирус: Тоҷикистон қариб дар ҷои ниҳоӣ

Дар ин мулоқот ҳамчунин эълон шуд, ки аз 15 июн муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард ва то он замон бояд тамоми нуқтаҳо зиддиуфунӣ шаванд.