Ҷаласа баъд аз боздоштҳо: сарвазир шахсан дар шаҳри Кӯлоб раиси навро муаррифӣ кард

Дар як ҷаласа сарвазири Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин гардид, муаррифӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо иштироки фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб ҷаласа баргузор гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласа нахуст масъалаи тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни умумимиллӣ ибрози назар карда шуд.

Ҳамчунин иҷрои дастури Президенти Тоҷикистон дар самти рафъи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, аз ҷумла қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муайян аз ҷониби мақомоти марбута ва ҳалли мушкилоти онҳо низ ҳатмӣ арзёбӣ гардида, масъулин дар ин самт муваззаф гардонида шуданд.

Вазъи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ин ҷаласа мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар рафти ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон имрӯз ба ин вазифа таъин гардид, муаррифӣ карда шуд.