Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд

Ҷавони тоҷик кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот доду худ натавонист аз об берун барояд. Фоҷиа дар дарёи Белийи шаҳри Уфа рух дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи соли аввал кӯдакеро дар Уфа аз ғарқшавӣ наҷот доду худ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад шабакаи маҳаллии "Бошқирдистон".

Ҷавон кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худ ба соҳил баромада натавонист. Ин фоҷиа дар дарёи Белийи шаҳри Уфа рух дод.

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

Ҳоҷимурод Қаландаров ҷавони 18-солаи тоҷик, хатмкардаи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон мебошад. Ӯ барои таҳсил ба шаҳри Уфа омада буд.

Рӯзи 7 июн ҷавони тоҷик дар соҳили дарё истироҳат мекард, ки дид кӯдаке дар об ғарқ мешавад.

Пешниҳоди қадрдонии 2 ҷавон барои наҷоти духтар аз сӯхтор дар беморхона-видео

Ӯ дарҳол худро ба дарё андохт ва кӯдакро ба соҳил баровард, вале худ натавонист наҷот ёбад.

Наҷотдиҳандагон пас аз чанд чоати ҷустуҷӯ ҷасади ҷавонро аз дохили об пайдо карданд.

Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

Бародари ҷавон Самиҷон Ризвонов мегӯяд, касе ғарқшавии ӯро надид ва ӯ то охир бовар дошт, ки Ҳоҷимурод куҷое рафтааст.

Гуфта мешавад, ки ба зудӣ ҷасади Ҳоҷимурод ба Ватан фиристода мешавад.