Дар Суғд ба дезинфексияи хонаҳо сар карданд

Аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун гузаронида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ҳамарӯза аз ҷониби гурӯҳи безараргардони КҲФ ва бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд​ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19  дар ҳавлию хонаҳои баландошёна корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар ин бора Ҳукумати вилоят хабар медиҳад.

Дар як рӯз аз ҷониби кормандон беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна тамизкорӣ мегарданд.

"Аз 1 то 7-уми июн аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат 594 даромадгоҳи 124 бинои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаҳои 33, 34, 20, 18, 8, 12;  124  ҳавлиҳои истиқоматӣ  дар маҳаллаҳои Ҳабитат, А.Фирдавсӣ, Ҳ.Карим ва Танбурӣ  поккорӣ шуданд", - менависад манбаъ.
Стоп COVID-19: муштариёни "Европейский" - ро дар Маскав дезинфексия мекунанд - видео

Манбаъ меафзояд, дар баробари гузаронидани чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи маводҳои антисептикӣ, ҳар чӣ бештар шустани дастон бо собун, истифодаи бандинаҳои тиббӣ тавсия дода мешавад.

Аз сокинон дар бораи кам кардани гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба тавсияҳои Кумита, Вазорати тандурустӣ​ амал намудан, ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт намудан, бо риояи фосила ва дигар қоидаҳои бехатарӣ ва ғайра суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.