Болову поинравии нархи “Арбидол”: суду зиёни харидорону фурӯшандаҳо дар даври коронавирус

“Арбидол” доруест, ки то як моҳи пеш бо қиммати бетағйир дар бархе аз дорухонаҳо фурӯхта мешуд. Аммо давоми чанд моҳи аҳди “вируси корона” арзиши ин доруи зиддивирусӣ қариб ҳар рӯз дар Тоҷикистон болову поён шуда ба суду зиёни хариддорону фурӯшандаҳо анҷом меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Ҳамсуҳбатони мо, масъулини ширкатҳои доруфурӯшӣ дар бораи таъсири тағйирёбии қимати “Арбидол” ба фаъолияти худ таъкид карданд.

Фирдавс як масъули дорухона ё аптека дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “вируси корона” дар як моҳи охир сабаби то панҷ маротиба қиммат шудани ин дору боис гардида ба ин ҳол таъсири худро ба ҷайби хариддорону доруфӯшон расонид.

“ Доруи “Арбидол“ ибтидо 50 сомонӣ арзиш дошт. Дар нимаҳои аввали моҳи май то ба 250 сомонӣ дакка зад ва хеле камчин шуд. Ҳоло нархи ин дору ба 100 сомонӣ поён шудааст”, - таъкид кард Фирдавс.

Ин ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар айни камбудӣ, ин навъ доруро бо нархи 115 сомонӣ ворид кардаанд, то мушкили сершумори мизоҷон рафъ гардад, вале ҳоло бо нархи хариддоришуда ба фурӯш гузоштани он, ночор мондаанд.

Тоҷикстандарт барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус роҳнамо таҳия кард

“Мо ба маблағи беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ин доруро хариддорӣ кардем, онҳое, ки аз гушаву канори ноҳия омада онро мепурсанд дастрас намоем, аммо нарх якбора арзон шуд ва ҳоло қариб ки ҳеҷ кас аз 100 сомонӣ зиёд онро намехрад”, - гуфт ӯ.

Ба ҷузъ “Арбидол”, “Анаферон” ҳам яке аз дорӯҳое буда, ки аз тағйирёбии нархи он бисёриҳо зарари иқтисодӣ дидаанд. Як масъули ширкати Имити Интернешнл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки арзиши даҳ дона қурс ё таблеткаи “Анаферон” давоми моҳи май аз 35 сомонӣ ба 80 сомонӣ бало рафт ва дар рӯзҳои аввали моҳи июн ба 40 сомонӣ дубора поён шудааст.

“Баъзеҳо фикр мекунанд, ки мо доруфурӯшон аз ин ҳисоб фоида ба даст меорем, ҳол он, ки мо ҳам доруҳоро харида мефурӯшем ва ҷараёни тағйирёбии нарх гоҳе ба зарари мо таом мешавад, на хариддорон”, афзуд доруфурӯш.

“Арбидол” у “Анаферон” аз зумраи доруворие гуфта мешаванд, ки истифодаи онҳо дар мубориза бо вирус тавсия дода мешавад. Аммо дар айни хуруҷи бемории “вируси корона” ин навъ маводи тиббӣ камчин гардида ва ба гарон шудани қиммати он боис гардид.

Ҳоло бо гузашти бештар аз як моҳ аз шуюъи бемории коронавирус дар Тоҷикистон арзиши ин маводи тиббӣ дубора ру поёншавӣ аст. Бо гузашти ним сол аз хуруҷи вируси корона дар ҷаҳон то ҳол ҳеҷ кишвари истеҳсолкунандаи маводи доруворӣ ба дарёфти даво ва ё вокинаи зидди COVID – 19 муваффақ нашудааст.

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд

 То ин муддат доруҳое, ки дар кишваҳои ҷаҳон аз ҷумла “Левилимаб” “Авифавир” дар Русия истеҳсол шудаанд, танҳо характери тавсиявӣ барои мубориза ба ин беморӣ пайдо кардаанд.

Олимони дорусози тоҷик ҳам дар ин муддат “Камолид” у “Седармона” ва “Антиковид -19” истеҳсол карда таъкид намуданд, ки истеъмоли ин қабил доруҳо дар коҳиш ёфтани сирояти бемории коронавирус муфид арзёбӣ намуданд.

 Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар омори ахири худ теъдоди умумии беморони коронавирусро ба 5 миллиону 905 ҳазору 415 нафар арзёбӣ намудааст. Бар пояи иттилоъи ин ниҳоди байналмиллалӣ то имрӯз аз ин маризӣ дар кишварҳои дунё 2 миллиону 579 ҳазору 691 кас шифо ёфта, 362 ҳазору 24 нафар фавтидаанд. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 768 461 нафар), Бразилия (438 812), Русия (379 051), Испания (284 986), Британияи Кабир (269 127), Италия (231 732), Фаронса (186 238), Олмон (182 452), Ҳиндустон (165 386) ва Туркия (160 979) дохил мешаванд.

Тоҷикистон ҳам яке аз охирин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ахиран дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз дарёфти аввалин мавридҳои сапти “вируси корона” хабар дод. Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустии ин кишвар, ба ҳолати рӯзи 7-уми июн шумори умумии гирифторони коронавирус ё COVID -19 ба 4529 нафар расида, то ин сана 2673 кас ё 59 дарсади маризон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ давоми бештар аз як моҳ 48 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.