Аз гигиена то Гиёев: муаммои ақибнишинии “вируси корона” дар Тоҷикистон

Коҳиши гирифториву фавт ва афзоиши шифоёфтагон ақибнишинии “вируси корона” – ро аз Тоҷикистон барҷастатар мекунад, аммо муттахассисон мегӯянд, пеш аз тӯй набояд нақора зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik, Фахриддин Холбек. Нишонаҳои боризи “вируси корона” дар Тоҷикистон аввалҳои моҳи апрел маълум, аммо дар даҳаи сеюми он барҷаста шуд ва 30 апрел ҳукумат 15 мавриди аввалини гирифториро эълом кард. То 8 июн, замони таҳияи ин матлаб, вазорати тандурустӣ аз гирифтории 4609, фавти 48, шифои 2763 (60%) ва 1846 гузориш дод.

Арқом гувоҳанд, ки вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, хатми достони “вируси корона” дар Тоҷикистон наздик аст. Он чӣ ки барои мутахассисони тиб ғайримунтазира буда, муаммои ақибнишинии “вируси корона” аз Тоҷикистонро ба миён андохтааст.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раисони бозорҳо ва баҳси мавҷи дуюми коронавирус

Гармиву вазир

Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино, яке аз клиникаҳои муваффақи Тоҷикистон, аст, ки мегӯяд, гумон мекард ин маризӣ то моҳи август аз ин кишвар даст нахоҳад бардошт ва даҳҳо нафарро қурбонӣ хоҳад гирифт. Мавсуф омили аслии ақибнишинии “вируси корона”-ро тобистони гарму хушки Тоҷикистон арзёбӣ карда, афзуд, ваҷҳи дигареро намебинад.

“Ин омил ба бемориҳои дигари роҳҳои нафас, ки аз вирусҳо хуруҷ мекунанд, низ таъсир мегузорад. Баробари фарорасии гармо зуком тақрибан нест мешавад. Баъид нест, ки “вируси корона” ҳам мисли вирусҳои ангезандаи зуком аз таъсири иқлими тобистонии мо ақибнишинӣ карда бошад. Албатта, дар қатори омили худнигаҳдории мардум”, - гуфт Абдухалил Холиқзода ба Sputnik Тоҷикистон.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав, оне, ки схемаи тадовии “вируси корона” дар Тоҷикистонро ғалат арзёбӣ карда, ҳатто аз полипрагмазия – истифодаи хатои доруворӣ суҳбат кард, мегӯяд, аввалҳо хеле асабонӣ мешуд, зеро ҳамон "чак-чак"-и писандидаи мардум барои пневмония хатарнок аст ва табобати нодуруст фавти зиёдро ба бор меорад. Ба қавли ӯ, духтурони Тоҷикистон аз ҳад зиёд антибиотику иммуномодулятор истифода мекарданд, ки барои шахсони аз 60 - сола боло дар аксари маворид марговар аст.

Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои як рӯз: 60 дарсади маризон шифо ёфтанд

“Ман аслан ба ин зудӣ поинравии маризиро тасаввур намекардам. Дар аввал хатогиҳо зиёд буд. Чанд рӯзи ахир тавсияҳоеро, ки ошноҳоям мефиристанд, мебинаму хуш мешавам, зеро онҳо асоснок ва хеле муфиданд. Хуб шудани вазъ аниқ аст, аммо сабабашро дақиқ намедонам. Шояд Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия дод ва ё дигар омиле дар миён аст. Намедонам то куҷо беҳбуд ёфтани вазъ аз вазири тандурустӣ вобаста аст, аммо, дақиқан баъди Ҷамолиддин Абдуллозода корҳо хуб шудаанд”, - гуфт Абдулло Давлатов.

“Латтаву хаста”

Ин ки дар Тоҷикистон якбора шиддати “вируси корона” фурӯкаш шуд, ҷои аҷобат дорад ва ҳадсу гумонзаниҳо мантиқиянд. Афғонистону Ӯзбекистон, ду ҳамсояи девор ба девори Тоҷикистон, ки ба иқлим шабеҳанд, аммо пештар вориди гирудор бо COVID-19 шуда буданд, имрӯзҳо таҷрибаи талхтареро аз сар мегузаронанд. Бахусус вазъи Афғонистон, ки аввалин гирифториро ҳанӯз 24 феврал сабт карда буд ва то 1 май чизе бештар аз як ҳазор мавриди мусбат дошт, ба вахомат мегарояд. Ҳоло ташхиси 50% тестшудагони ин кишвар мусбат аст ва теъдоди гирифторон аз марзи 20 ҳазор убур кардааст. Рӯзи гузашта Ӯзбекистон низ беш аз 230 мавриди мусбатро сабт кард.

Мутахассисони дохиливу хориҷӣ ҳарчанд қиссаи “вируси корона” дар Тоҷикистон анҷомшуда намеҳисобанд, аммо авомили зиёдеро дар боби ақибнишинии ин артиши номаръӣ пеш меоранд. Бовари бархе бар ин аст, ки чун COVID-19 дер расид, ҳукумати Тоҷикистон фурсати бештари тарҳрезии барномаҳову схемаи табобатиро дошт. Як тафсири оддӣ ҳам ин аст, ки худи вирус дар роҳ ба Тоҷикистон “хаставу латта” шуда, қудрати аввалиашро бохт.

Гаштугузори озод: Маҳдудиятҳои қарантинӣ фардо дар Маскав бардошта мешавад

Иддае ҳам мегӯянд, тактикаи хонадармонӣ ё роҳандозии табобати маризон на дар бемористон, балки хона натиҷаи мусбат додааст. Моҳи май дар айни ҷӯшу хурӯши “вируси корона” ин иттилоъ низ ҷой дошт, ки шифохонаҳо афроди бо ҳарорати аз 39 дараҷа поён доштаро қабул накарданд ва маслиҳат доданд, ки дар хона ба табобат машғул шаванд, зеро дар шифохонаҳо ҷой нест. Ин тадбир огоҳона буд ё аз маҷбурӣ натиҷаи мусбати худро дод.

Як фарзияи дигар, ки бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мекоранд, усули табобати ғайримаъмули Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури ноҳияи Рашт бо доруи “пенстреп”, махсуси “вируси корона” – и ҳайвоноти хонагист. Ин усул то ҳол такзиб ё таъйид нашудааст, аммо шавоҳиди зиёди шифо ёфтани маризон аз ин усул низ фаровон аст.

Омили дигар боду ҳавои аз шарри саноат дур ва меваву сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки мӯҷиби қавӣ будани масъунияти сокинон шудаанд. Баъзе ҳам аз омили моҳи шарифи Рамазон мегӯянд, ки мардумро дар хона бе банд баст ва бо риёзату гуруснагӣ равғани бадани инсонҳоро об кард. Ва ниҳоят зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба густариш ва пойдории “вируси корона” мусоидат накард. Дар бархе навоҳӣ ҳатто мавриди гирифторӣ ва фавтро ба нудрат метавон пайдо кард.

Қудрати гигиена

Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, авомили зиёде даст ба дасти ҳам дода, ҳамчунин як натиҷаро ба бор овардаанд. Вай афзуд, он чӣ аз дасти ҳукумат меомад, таътили мактабу донишгоҳҳо, бозору марокизи хурду бузурги таҷаммуъи инсонҳо буд, ки кард.

“Аммо он чӣ банда кашф кардам, ҳамоно сабру таҳаммул ва пойбандии мардуми Тоҷикистон ба қоидаҳои гигиенӣ буд. Мо ҳам хавф доштем, ки мардум “ҳар чӣ ояд, аз тақдир” гуфта, сар ба кӯчаву бозор мезананд. Омили аслии пирӯзӣ бар “вируси корона” ҳамоно се асл аст – ниқоб, фосилаи иҷтимоӣ ва шустани дастҳо. Ҳар ҷомиае, ки ин се аслро риоя кард, зуд муваффақ мешавад. Ягон қарантинаи саросарӣ, тибби пешқадамтарин, авомили табиӣ ё харҷи миллиониву миллиардӣ он натиҷаеро намедиҳанд, ки риояи қавоиди гигиенӣ медиҳанд. Ба дунё бингаред, даҳҳо далелро барои дурустии ин иддао пайдо мекунед”, - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тиб бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки дар ҳоли риоя накардани қавоиди гигиенӣ ақибнишинии “вируси корона” нафас тоза кардани ин артиши номаръӣ барои як ҳамлаи нав хоҳад буд. Ба қавли онҳо, COVID-19 мисли як соя ҳамроҳи инсонҳо мегардад ва то пайдо шудани ваксина хатари он низ аз сари инсонҳо дур нахоҳад шуд.