Ғарқшавии сокини 18 - солаи Чорякорон дар канали Ҳисор: аз болои қубури обгузар гузашт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар канали Ҳисор ғарқ шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Сокини 18 - солаи  деҳаи Зафари ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ ду рӯзи қабл, ҳангоми убур аз болои қубури обгузар аз беэҳтиётӣ дар канали  калони Ҳисор сарозер шудаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

Ба иттилои манбаъ, наҷотбахшон бо дарёфт намудани хабари нохуш зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд, аммо натоиҷи корҳои ҷустуҷӯии онҳо дар рӯзи аввал бенатиҷа анҷом ёфт.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Оби пурхурӯш ҷасадро ба зудӣ аз маконе, ки ғарқ шуд, дур бурда буд", таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, рӯзи 7 - уми июн тахминан соати 11:05 дақиқа ҷасади марҳум дар ҳудуди кӯчаи Авули ноҳияи Синои пойтахт, аз дохили қубури обгузари канали Ҳисол пайдо карда шуд.

Манбаъ меафзояд, наҷотдиҳандагон ҷасади шаҳрвандро ба кормандони ШВКД-и ноҳияи Сино-1 супоридаанд.