Таъйинот дар бахши ёрдамчи Президент оид ба кадрҳо ва Дастгоҳи раисиҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои амру қарорҳо дар бахши ёрдамчии Президент оид ба кадрҳо ва Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бо амри раисиҷумҳур, Низомӣ Нурулло мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои кадрҳо таъйин гардид.

“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Давлатзода Музаффар Салим мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъйин карда шавад, омадааст дар амри дигари Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин Раҷабиён Сайфиддин Шамсӣ муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо қарори Ҳукумат, Ҳайдарзода Абдулло Саидшо дар мақоми директори корхонаи воҳиди давлатии “Савдо ва хӯроки умумӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур Роҳбар Майдонзодаро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мазкур барканор гардид.

Инчунин Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Дӯстзода Диловаршо Саидаҳмад директори Агентии обуҳавошиносӣ таъйин шуд.