“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Собирзода Зайдулло Фозилро бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, Собирзода Зайдулло Фозил бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ баъди боздоштҳо: интиқоди Президент аз қонуншикании раисон

Собирзода ҳамагӣ 4 моҳ пеш – феврали соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи судяи суди ВМКБ барканор шуда, судяи суди шаҳри Ҳисор таъин гардида буд. Тафсилоти кирдори содиркардаи Собирзода оварда нашудааст. Инчунин Баҳром Иноятзода, муттаҳам дар ҷиноёти коррупсионӣ низ имрӯз аз мақоми раиси шаҳри Кӯлоб барканор гардид.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат дар бораи фасодкории додрасҳо дар кишвар, аз Асадулло Раҳмонов, ёвараш дар умури кадрҳо, Сайммуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Юсуф Раҳмон, додситони кул ва раёсати Ожонси мубориза бо фасод эрод гирифт, ки маълумоти пешниҳодкардаашон дар мавриди бархе кадрҳо саҳеҳу воқеӣ нестанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки дар вақти интихобу ҷобаҷогузорӣ, кадрҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аммо баъдан маълум мешавад, ки ахбори ироашуда дар мавридашон на он қадар саҳеҳ аст.

“Асадулло Қиматович, дар вақти интихобу ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, Саймуъмин Сатторович, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокурори генералӣ, дар бораи ҳар яки инҳо маълумот ҳаст, меомӯзед. Маълум мешавад, ки 50 фоизе, ки мо меомӯзем, рӯякӣ аст. Маълумот ғалат аст. Ахборот на он қадар саҳеҳ аст”, - изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба роҳбарон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дода буд, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.