Куштор дар бозори марказии Кӯлоб: боздошти ҷавоне ки марди 43 соларо 15 корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ сокини 28 солаи шаҳри Кӯлобро боздошт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, гумонбар дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан соати 08:30-дақиқа дар дохили бозори марказии шаҳри Кӯлоб рӯх додааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз рӯи хусумати пешакӣ бо марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда бо корди хоҷаги 15-маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат мерасад.

Вуд мегӯяд, айнизамон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.