Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Файзов аз коҳиш ёфтани теъдоди дардмандони коронавирус дар Бадахшон гуфт

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз тамоюли коҳишёбии маризии коронавирус дар вилоят хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Ёдгор Файзов раиси ВМКБ имрӯз, 8 июн ситоди навбатӣ оиди пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирусро баргузор намуд.

Бе фоида ва ҳатто зарар: дарсҳои бадахшонии “вируси корона”

Ба иттилои котиботи раиси ВМКБ, Файзов аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои ҷадиди гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар вилоят хабар дод.

Ба таъкиди раиси вилоят, ба ҳолати 7 - уми июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд. Дар ҳоле, ки ин нишондод дар муқоиса бо ду ҳафта пеш, аз 50 то 70 нафарро ташкил медод.

Дар Бадахшон рувуои мардум байни ноҳияҳо маҳдуд шуд

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани ин маризӣ дар Бадахшон дасти кам 1506 нафар ба таври расмӣ бо касалиҳои гуногуни шуш ба табобат фаро гирифта шуданд.

"Ҳамакнун, 75 фисади маризон аллакай пурра шифо ёфта аз дармонгоҳҳои вилоят мураххас шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, дар замони авҷи маризӣ дар ВМКБ 22 нафар ашхоси калонсол бо нишонаҳои бемориҳои музмин фавтиданд, ки 14 нафарашон ба беморхонаи вилоятӣ рост омада.

Ҳодисаи фавт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5 фисадро ташкил медиҳад.