Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

Зариф Абдуллоеви 63-сола, ки субҳи 6 июн дар пеши бинои идораи молияи шаҳри Кӯлоб худро оташ зад, пеш аз зуҳри имрӯз даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Абдуллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдор, ки 6-уми июн худашро дар назди бинои Раёсати молия аввал корд зада, баъдан оташ зада буд, имрӯз 8-июн соати 10:30 дар Беморхонаи вилоятии №2-и шаҳри Кӯлоб вафот кард, хабар дод нашрияи "Пайк".

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

Ба иттилои манбаъ, беш аз 90 фисади бадани марҳум аз оташ осеб дида будааст.

Пештар “Пайк” хабар дода буд, ки Абдуллоев Зарифи 63-сола пеши идораи молияи Кӯлоб, аввал корд ба шикамаш зада, сипас ба сараш маводи зуддаргир рехта, худро оташ зад.

“Бино бар иттилои расида ин мард, ки маъруф бо номи Ҳоҷӣ Зариф, таъминкунандаи нон ва дигар хӯроквориҳо дар баъзе аз боғчаҳои кӯдаконаи шаҳр будаасту ҷиҳати қарздор мондан аз пардохти ҳаққи маводи хӯрока ҷон ба лаб омадааст”,-омада буд дар хабарнома.

Гуфта мешавад, Ҳоҷӣ Зариф бо идораи молияи Кӯлоб дар заминаҳои маблағҳои харҷкардааш барои таъмини кӯдакистонҳо нофаҳмӣ доштааст, ки бо фоҷиа анҷомид.

Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазия ва тафсилоти онро шарҳ надодаанд.