ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Чунин қарор аз ҷониби сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон қабул шуд.
Дар ҷаласаи ахири ситод вобаста ба сирояти COVID-19 дар қаламрави мамлакат ва рафти иҷрои қарорҳои қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявӣ зимни ин ҷаласа ҳамчунин оидба истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ қарор қабул намуд.
Ҳамзамон дар пайи тадриқан паст гаштани сирояти COVID-19 дар кишвар бо қарори Ситод сар аз 15 июни ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн кушода мешаванд.
Инчунин дар қарор зикр шудааст, муассисаҳои мазкур, бо маводи безараргардонӣ таъмин гардида, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ назорат шавад.
Гуфта мешавад, риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ буда, дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад.
Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва зарурӣ андешанд.