Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ҳафтуми июн дар Қирғизистон Рӯзи кормандони молиявӣ ва иқтисод, Дар Испания аз Рӯзи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 7 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1692 дар пойтахи Ямайка- Порт-Роял заминҷунбӣ ва вулқон  ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1712 ба Пенсилвания ворид намудани ғуломон манъ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1775 Колонияи Муттаҳида ба Иёлоти Муттаҳида тағйири ном кард.

Соли 1903 дар Берлин олими франсуз Кюри оид ба кашфи як унсури нави кимиёвӣ-полония хабар дода буд.

Соли 1924 ҳавопаймои Франсия аввалин маротиба дар ҷаҳон интиқоли аспҳоро анҷом дод.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1919 дар Ню-Йорк аввалин маротиба барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ санҷиши хаттӣ гузаронида шуд.

Соли 1965 ширкати SONY аввалин видеомагнитофони хонагиро пешниҳод кард, ки он 20 кг вазн ва 1000 доллари америкоӣ нарх дошт.

Рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони "Саус-Саус Нюс" Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфтанд. Мавзўи асосии суҳбат бо Президенти созмони "Саус-Саус Нюс"  ҳамкорӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд.

Соли 2017 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуд.

Соли 2017 дар ноҳияи  Мурғоби ВМКБ Фестивали байналмилалии "Ҷоми латофат-2017"баргузор гардид, ки дар он 18 гурӯҳ аз мамлакатҳои Осиёи Миёна иштирок намуданд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 7 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Ҷашнҳои рӯзи 7 июн

Дар Қирғизистон — Рӯзи кормандони молиявӣ ва иқтисодӣ.

Дар Норвегия иди умумимиллӣ- Рӯзи истиқлолият.

Дар Испания — Рӯзи ҷумҳурӣ.

Дар Перу — Рӯзи парчам.