ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гурӯҳи кории вазоратро барои боздид аз шароити табобатгирандагони коронавирус ба беморхонаҳо фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад.
Тавре манбаъ менависад, дар асоси супориши вазир гурӯҳи кории вазорат оид ба вазъи хизматрасониҳои тиббию санитарии дар шабакаи муассисаҳои госпиталии шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ" -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази тиббии шаҳрии №2" Раёсати тандурустии Душанбе дидан намуданд.
Гуфта мешавад, дар "Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ ҳамагӣ 15 бемор таҳти табобати беморхонавӣ қарор доштаанд.
"Онҳо бо маводҳои доруворӣ ва хӯрок (3 маротиба) қисман таъминанд. Аз суҳбатҳо бо 8 бемор ва 4 нигоҳубинкунанда бармеояд, дар муассиса кормандон бо беморон муоширати хуб доранд, аз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманданд", - тавзеҳ медиҳад дафтари матбуот.
Дар "Маркази тиббии шаҳрии №2" -и шаҳри Душанбе бошад, 49 бемор таҳти табобати беморхонавӣ қарор дошта, бо маводҳои доруворӣ ва хӯрок (3 маротиба) қисман таъминанд.
"Аз суҳбатҳо бо 5 бемор ва 3 нигоҳубинкунанда бармеояд, дар муассиса кормандон бо беморон муоширати хуб доранд, аз сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманданд", - афзудааст манбаъ.
Суҳбати Абдуллозода бо намояндаи СҶБ: аз мубориза ба COVID-19 то омодагӣ ба кумак
Тавсияҳо ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо амалӣ барои боз ҳам беҳтар намудани муошират бо беморон, сатҳи имкониятҳои муассиса барои ташхису табобат, иқтидори кадрӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо маводҳои доруворӣ, хӯрока дар маҷмӯъ корҳои ободонӣ дода шуданд.